Эълони озмун барои ишғоли вазифаи ёвари роҳбари лоиҳа.
     TJ RU EN
01:47 / 2026-08-01

Эълони озмун барои ишғоли вазифаи ёвари роҳбари лоиҳа.

OzmunТашкилоти ҷамъиятии "Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахори оммаи мустақили Тоҷикистон" (ТҶ "АМВАОМТ") дар доираи лоиҳаи "Эҷоди муҳити бехатар барои фаъолияти касбии рӯзноманигорон ва блогерҳо дар Тоҷикистон" (рамзи CFI: M2HOM2710) барои ишғоли вазифаи ассистенти (ёвари) роҳбари лоиҳаи мазкур озмун эълон мекунад.

Барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ассистенти (ёвари) роҳбари лоиҳа дар ҳаҷми 233 (ду саду сию се) евро ва 33 евросент музди меҳнати моҳона пардохт карда мешавад.

Мӯҳлати иҷрои вазифа аз 1 июни соли 2026 то 30 апрели соли 2027 мебошад.

Ӯҳдадориҳои ассистенти (ёвари) роҳбари лоиҳа:

– дастгирии маъмурии ҳамаи чорабиниҳо: воркшопҳо, сессияҳои мубодилаи таҷриба, мизҳои мудаввар, семинари минтақавӣ;
– ҳуҷҷатнигорӣ дар доираи лоиҳа (мукотиба, протоколҳо, феҳрасти иштирокчиён);
– дастгирии техникӣ ҳангоми омода ва гузаронидани чорабиниҳои онлайн ва офлайнӣ;
– ташкил ва нигоҳдории додаи маълумотии иштирокчиёни лоиҳа ва бенефисиарони "тамоси фаврӣ";
– ҳамоҳангсозӣ ва идораи челенҷи расонаӣ (Social Media Challenge) дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
– таҳияи маводҳои иттилоотӣ ва эълони чорабиниҳо;
– тамос гирифтан бо иштирокчиён, тасдиқи сабтиномҳо ва ташкили робитаи мутақобила бо онҳо;
– харидорӣ ва баҳисобгирии воситаҳои конселярӣ ва маводи истифодаи дар Дафтари корӣ;
– мусоидат дар ташкили сафарҳои кормандон ба вилоятҳои Хатлон ва Суғд;
– муосидат дар ташкили хӯрок ва иҷораи толорҳо барои чорабиниҳо;
– ҷамъоварӣ ва банизомдарории маълумот барои ҳисобоҳои миёнадаврӣ ва ниҳоӣ;
– бурдани рӯзномаи фаъолиятҳои лоиҳа ва сабти натиҷаҳои чорабиниҳо.

Аз шахсони манфиатдор хоҳиш карда мешавад, ки дархости худро барои ишғоли вазифаи ассистенти (ёвари) роҳбари лоиҳа то 27 майи соли 2026 ба суроғаи зерин пешниҳод кунанд: хиёбони Рӯдакӣ, 137, ошёнаи 5, офиси 527, Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Телефон: +992 21 37 11; +992 935 06 30 13. 

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  

Лоиҳаи "Эҷоди муҳити бехатар барои фаъолияти касбии рӯзноманигорон ва блогнависон дар Тоҷикистон", дар доираи лоиҳаи Horizons Medias ("Ҳамкории расонаӣ ва мубориза бо иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ"), ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Фаронса тавассути ташкилоти Агентии рушди ВАО Вазорати корҳои хориҷии Фаронса (CFI – Media Development (Канали байналхалқии Фаронса)), мувофиқи Созишномаи грантии GRANT AGREEMENT No. 600-ACH-011714, Media Horizons project No. M2HOM2710 (CFI/NANSMIT) маблағгузорӣ мегардад.

Маъмурияти ташкилоти ҷамъиятии "АМВАОМТ"

 


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Май 2026 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима