“Ривояти тоҷикӣ”, роҳандозии бахши форсӣ ва рушд дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Роҳбурди нави “Азия-Плюс” ва иртиботи наздик бо хонанда
     TJ RU EN
11:57 / 2026-09-14

“Ривояти тоҷикӣ”, роҳандозии бахши форсӣ ва рушд дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Роҳбурди нави “Азия-Плюс” ва иртиботи наздик бо хонанда

20260914 APАз рушди бахши тоҷикӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳамоишу тарҳҳои нав - беҳтарин расонаи кишвар чӣ гуна тағйир меёбад?

Мутолиаи гузориши муфассал ба забони тоҷикӣ, тамошои нашри кӯтоҳи хабарҳо вақти субҳона ё ирсоли матлаби ҷолибу муфид – интихобе, ки имрӯз ҳар мухотаби “Азия-Плюс” дорад. Давоми панҷ соли охир ҳайати таҳририяи расона рушд, майлонҳои навро азхуд ва ба муколама бо доираи васеъи мухотаби худ оғоз кард. Дар чанд соли охир дар “Азия-Плюс” чӣ тағйир ёфт ва киҳо паси ин тағйирот қарор доранд?

“Азия-Плюс” ба мухотаби худ наздиктар шуд

Давоми чанд соли охир “Азия-Плюс” барои пешниҳоди муҳтаво бо забони давлатӣ – тоҷикӣ ва хатти форсӣ талоши зиёд кард ва муваффақ шуд. Имрӯз мухотаби тоҷик имкон дорад матолиби расонаро бо забони модарӣ ва хатти ниёкон низ мутолиа кунад.

Таъсиси бахши тоҷикии “Азия-Плюс” яке аз дигаргуниҳои назаррас ва дастовардҳои муҳимми расона дар солҳои охир аст. Тарҳи роҳандозии бахши тоҷикии расона тахминан ҳашт сол пеш рӯйи даст гирифта ва ба оҳистагӣ татбиқ шуд. То ин лаҳза, расона танҳо бо забони русӣ ва инглисӣ муҳтаво пешниҳод ва ба забони тоҷикӣ танҳо тарҷумаи онро интишор мекард.

Ҳаводису тағйироти солҳои охир собит кард, ки як расонаи миллӣ бояд бо забони давлатӣ муҳтаво омода ва пешниҳод кунад. Ва ҳангоми таҳияву пешниҳоди муҳтаво дар радифи меъёрҳои рӯзноманигорӣ, манофеи давлату халқи худ ба назар гирифта шавад. Ин мухотаби тоҷикзабону форсинависро ба расона ва расонаро ба онҳо наздик кард ва эътимод миёни онҳоро тақвият бахшид. Зеро мухотабон муҳтаворо бо забони худ ва бо ривояти тоҷикии он мутолиа карданд.

Имрӯз бахши тоҷикии расона соҳиби ҳайати таҳририяву эҷодии комил ва мустақил аст, ки барои таҳияи муҳтаво бо забони тоҷикӣ ва бо назардошти муҳити тоҷикзабон, аз бахшҳои дигар вобаста нест. Баръакс, муҳтавои таҳиякардаи ин бахш, бахусус хабару гузоришҳои рӯз, бо дигар забонҳо тарҷума ва нашр мешаванд, ки ин посухгӯ ба роҳбурди нави ҳайати таҳририя – инъикоси ҳаводис бо назардошти ривояти тоҷикӣ аст.

Роҳбари бахш Ҷасур Абдуллоев моҳияти ин тағйирот дар кори расонаро ба роҳбурди рушди расона марбут медонад.

“Расонаи миллӣ пеш аз ҳама бояд барои сокинони Тоҷикистон ва бо забони давлатии он муҳтаво пешниҳод кунад ва вақти таҳияи он манофеъ ва таваққуъи онҳоро ба назар гирад. Яъне, рӯзноманигори бахши тоҷикӣ бояд мавзуъи барои ҷомеаи Тоҷикистон ва тоҷикзабонҳо ҷолибу мубрамро худ пешниҳод ё интихоб кунад, манбаъву қаҳрамон ёбад, бо онҳо суҳбат кунад ва матлаби ниҳоиро низ бо забони тоҷикӣ ва барои тоҷикзабонҳо омода кунад”.
Ҷасур Абдуллоев роҳбари бахши тоҷикии “Азия-Плюс”

Имрӯз бахши тоҷикии “Азия-Плюс” ба як манбаъи муътамади хабарӣ барои мухотабони тоҷикзабон табдил ёфтааст, ки танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои онро садҳо ҳазор кас пайгирӣ мекунанд. Аммо роҳи расидан ба ин ҳадаф ҳамеша ҳамвор набудааст. Ба қавли роҳбари бахш, мушкили мубрам дар ин самт, душвории пайдо кардани рӯзноманигори ҳирфаӣ бо забони тоҷикӣ буд ва боқӣ мемонад.

Ҷасур Абдуллоев, роҳбари бахши тоҷикии "Азия-Плюс". Акс аз asia+

“Муаллифу рӯзноманигоре, ки ба забони тоҷикӣ ҳирфаӣ менависад, хеле кам аст, махсусан миёни ҷавонҳо пайдо кардани он душвор аст. Фикр мекунам, ин мушкил хоси танҳо расонаи мо нест, балки аксари расонаҳои кишвар бо он рӯбарӯанд. Аз ин сабаб, мо ҳайати кормандонро ба душворӣ интихоб кардем. Ва онҳое, ки интихоб шуданд, чанд моҳ давраи омӯзишу такмили малакаро гузаштанд то барои кор дар бахши тоҷикии мо омода бошанд. Фикр мекунам, ин бояд марокизи таълимии кишварро, ки барои омода кардани хабарнигорон масъуланд, ба андеша барад ва такон диҳад, ки барномаву шеваи таълимии худро бозбинӣ кунанд ва такмил диҳанд”, – гуфт Ҷасур Абдуллоев.

Сарфи назар аз ин ҳама, имрӯз “Азия-Плюс” тавонистааст ҳайати қавиеро ташаккул диҳад. Мудири ҳайати таҳририя Баҳманёр Нодиров ташаккули ҳайати кориро яке аз вазифаҳои асосие медонад, ки давоми солҳои охир иҷро шуд. Ба қавли ӯ, ҳоло дар ҳама бахшҳои расона кормандони ҳирфаӣ ва навофар кор мекунанд, ки ин барои муваффақ шудани “Азия-Плюс” дар самти татбиқи роҳбурди нав муҳим аст.

Самари кори ҳирфаӣ ва босифати ҳайати расона буд, ки мавқеи он дар фазои расонаии кишвар тақвият ёфт ва “Азия-Плюс” ҳамоно расонаи аввал ва маъруфу боэътимод аст. Тибқи маълумоти идора, дар соли 2024 теъдоди обуначиёни Instagram-и тоҷикзабон аз 105 ҳазор то 200 ҳазор кас расид. Дар соли 2026, ин саҳифа аллакай 370 ҳазор обуначӣ дорад.

Дар охири соли 2024 теъдоди обуначиён дар Facebook ба 50 ҳазор кас наздик мешуд. Ҳоло бошад, он аллакай беш аз 100 ҳазор обуначӣ дорад.

Наворҳои бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар YouTube  беш аз як миллион боздид дорад.

Ин рақамҳо далели он аст, ки теъдоди зиёди одамон барои мутолиаи хабару гузориш ва дар умум дастрасӣ ба муҳтаво ҳарчи бештар бахши тоҷикии “Азия-Плюс”-ро интихоб мекунанд. Ва ин барои мо ҷиҳати тақвияти кори ин бахш ангезаи бештар медиҳад.

Мо гузаштаи худро фаромӯш намекунем

Пас аз муваффақияти бахши тоҷикӣ, барои фаромӯш накардани гузаштаи худ ва дар пайи дастури раисҷумҳури кишвар ба мақомоти давлатӣ ҷиҳати тақвияти омӯзиши хатти ниёкон – форсӣ, “Азия Плюс” тарҳеро, ки чанд сол пеш сари он меандешид – роҳандозии бахши форсӣ (бо хатти форсӣ) -ро амалӣ кард. 7-уми сентябри соли ҷорӣ, дар арафаи таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бахши форсии “Азия-Плюс” ба кор оғоз кард.

Саҳифаи форсии сомонаи "Азия-Плюс". Намогирифт

Он дар бораи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба мухотаби форсизабон маълумот дода, ҳамкориро бо расонаҳои ҷаҳони форсизабон рушд хоҳад дод. Дар фаъолияти ин бахш ба муаррифии адабиёт, ҳунару мусиқӣ, чеҳраҳои таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ҷашну маросим, анъана ва урфу одатҳои мардуми тоҷик ба мухотабони форсизабони ҷаҳон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Азия-Плюс” шабакаҳои иҷтимоиро чӣ гуна рушд дод?

Субҳ — матлаб дар бораи хабари доғ. Рӯзона — паёме дар Telegram, ки мехоҳед онро ба дигарон фиристода, муҳокима кунед. Бегоҳ бошад — нашри ҳаррӯзаи “Як хабар”. Яке дигар аз дигаргуниҳои асосии таҳририя дар солҳои охир рушди фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд.

Хабарҳои наворӣ, шарҳу тавзеҳоти муфид, гузоришу суҳбатҳо бо афроди маъруф тадриҷан роҳҳои муоширати “Азия-Плюс”-ро бо мухотабон васеъ карданд. Аз ҷумлаи бахшҳое, ки сокинони Тоҷикистон мунтазам бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, “Як хабар”, “Пурсидед, ҷавоб медиҳем”, “Чӣ бояд кард?”, “Набзи варзиш” ва бисёр бахшҳои дигар ҳастанд.

Дар охири соли 2024 Instagram-и русзабон 360 ҳазор обуначӣ дошт. Ҳоло ин саҳифа 477 ҳазор обуначӣ дорад. Ва ин, албатта, ягона платформаи иҷтимоӣ нест — “Азия-Плюс” хабарҳоро дар Telegram, YouTube ва ҳатто TikTok фаъолона нашр мекунад.

Дар ҳамин моҳ нашри “Есть новость” доир ба кор дар Ҷопон беш аз 300 ҳазор боздид ва хабар дар бораи оғози машғулияти таълимӣ беш аз 200 ҳазор боздид гирифт. Бахшҳои дигар низ аз рӯи теъдоди боздидҳо камӣ надоранд. Масалан, навор дар бораи боздошти “ҷодугар” аз ҷониби пулиси пойтахтро тақрибан 460 ҳазор кас тамошо карданд.

Чунин шакли хабарҳои кӯтоҳу фаҳмо имкон медиҳад, ки маълумоти муҳимро зуд дарёфт кунед ва дар сели иттилоот ғарқ нашавед.

“Азия-Плюс” қолабҳоро мешиканад

Одатан рӯзноманигорон ба ҷое мераванд, ки дар он ҷо воқеае рух медиҳад. Аммо чӣ мешавад, агар худи онҳо чорабиние ташкил кунанд, ки мардум хоҳиши иштирок дар онро дошта бошанд?

Tarona Music Award. Акс аз asia+

Барои “Азия-Плюс” чунин чорабиниҳо ба самти алоҳидаи рушд табдил ёфтанд. Маросимҳои мусиқӣ, форумҳои касбӣ, мактабҳои расонаӣ — ин чорабиниҳо меҳмонон ва барномаҳои гуногун доранд. Аммо як чизи муштарак вуҷуд дорад: ҳамаи онҳо аудиторияи «Азия-Плюс»-ро гирди ҳам меоранд.

Tarona Music Award — ҷоизаи ҳарсолаи мусиқии радиои “Азия-Плюс” аст, ки ситораҳои эстрадаи тоҷикро дар як саҳна гирдиҳам меорад. Шунавандагон ба таронаҳои дӯстдоштаи худ овоз медиҳанд ва дар муайян кардани қаҳрамонони шом саҳм мегузоранд. Ҳамин тавр, мусиқие, ки тамоми сол дар эфир садо медиҳад, ба ҷашни умумӣ табдил меёбад — бо ҳунарнамоии зинда, кафкӯбиҳо ва имкони ҳамовоз шудан бо ҳунармандони дӯстдошта.

Соли 2025 «Азия-Плюс» нахустин IMPACT Forum-ро баргузор кард, ки беш аз 400 меҳмон ва сухангӯро аз бахшҳои тиҷорат, расона ва технология ҷамъ овард. Суханронӣ ва маърӯзаҳоро намоишгоҳи IMPACT Expo бо лоиҳаҳои ширкатҳо, минтақаҳои интерактивӣ ва фазо барои муаллифони маҳаллӣ пурра кард.

Ин мулоқоти бузург дар фазои маҳдудтар идома ёфт. 24 апрели соли 2026 нахустин IMPACT Creative Night.01 сад нафар иштирокчиро аз бахшҳои маркетинг, расона ва тиҷорат гирди ҳам овард. Онҳо масоили сабабҳои на ҳамеша ба фурӯш табдил ёфтани фарогирӣ ва роҳу воситаҳои  ба даст овардани эътимоди аудиторияро баррасӣ карданд. Меҳмонон савол медоданд, баҳс мекарданд ва пас аз анҷоми барномаи асосӣ низ суҳбатро идома медоданд.

IMPACT FORUM. Акс аз asia+

Мулоқотҳое низ ҳастанд, ки пас аз онҳо худи инсон камераро ба даст мегирад. Соли 2024 «Азия-Плюс» ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мактаби расонаиро роҳандозӣ карданд. Дар тӯли ду моҳ донишҷӯён, рӯзноманигорони навкор ва блогерҳо навиштан, наворбардорӣ кардан, таҳрири видео, санҷидани иттилоот ва истифодаи абзорҳои зеҳни сунъиро омӯхтанд.

https://asiaplus.news/tg/2026/09/14/aziya-plyus-zabonu-sohtor-va-auditoriyai-hudro-vase-mekunad-5-soli-taghjirot/


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2025 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31        
     
    Пайвандҳои лозима