Аз барҳамхӯрии созмонҳо то кӯдакони бешаҳрванд. Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ба СММ аз чиҳо шикоят мекунанд?
     TJ RU EN
10:27 / 2026-09-03

Аз барҳамхӯрии созмонҳо то кӯдакони бешаҳрванд. Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ба СММ аз чиҳо шикоят мекунанд?

20260902 AP

Ин гузориш моҳи ноябр дар СММ хонда мешавад.

Ҳафт созмони ҷамъиятии Тоҷикистон барои даври чоруми Шарҳи умумӣ (универсалӣ)-и даврии (ШУД) СММ гузориши 65-саҳифагиро нашр карданд, ки дар он аз вазъи ҳуқуқи инсон дар солҳои 2021–2025 нигаронӣ шудааст. Ин ҳуҷҷат барҳамдиҳии маҷбурии беш аз 900 иттиҳодияи ҷамъиятӣ, коҳиши бесобиқаи озодии баён ва боздошти рӯзноманигорон, набудани мустақилияти додгоҳҳо бо нишондоди ночизи 0,1 дарсади ҳукмҳои сафедкунанда, зӯроварӣ ва фавти сарбозон дар артиш, ихроҷи маҷбурии беш аз ҳазор гурезаи афғонистонӣ ва мушкилоти ҳалношудаи бешаҳрвандии кӯдаконро дар бар мегирад.

Ин гузоришро Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният бо созмонҳои ҷамъиятии «Ибтидо», «Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон» (АМВАОМТ), «Ҳуқуқ ва шукуфоӣ», «Олами ҳуқуқ», «Инсон ва адолат» ва «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» омода кардаанд.

Дар асоси таҳлили вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ созмонҳои ҷамъиятӣ ба ин хулоса расидаанд, ки дар 4 соли охир (2021–2025) фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври бесобиқа танг шудааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки қисми зиёди созмонҳо ба худбарҳамдиҳӣ маҷбур шудаанд ва онҳое, ки боқӣ мондаанд, бо мушкилоти шадиди молиявӣ, афзоиши боҷи давлатӣ ва санҷишҳои пайдарпай рӯбарӯянд.

Ҳамзамон, дар гузориш гуфта мешавад, ки вазъи озодии баён дар кишвар бӯҳронӣ боқӣ монда, Тоҷикистон дар шохисҳои байналмилалӣ ба шумори кишварҳои «озоднабуда» шомил шудааст. Ҳарчанд ҷавобгарии ҷиноятӣ барои «лайк» бекор шуд, аммо, тавре гузоришгарон гуфтаанд, бо истифода аз мафҳуми «экстремизм» таъқиби рӯзноманигорон ва фаъолони шаҳрвандӣ идома дорад ва то охири соли 2025-ум 12 хабарнигору блогер паси панҷара буданд.

Дар бахши адолати додгоҳҳо, муаллифон таъкид мекунанд, ки ислоҳоти додгоҳӣ ба натиҷаи дилхоҳ нарасидааст. Додгоҳҳо дар амал аз ҳокимияти иҷроия ва додситонӣ вобастагии сахт дошта, баровардани ҳукмҳои сафедкунанда «ба як падидаи нодир» табдил ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, вазъи ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ низ, ба гуфтаи гузоришгарон, нигаронкунанда боқӣ мондааст. Ба навиштаи манбаъ, муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва фавт дар артиш аз байн нарафтааст. Танҳо дар соли 2023-ум 40 сарбоз фавтидааст.

Масъалаи дигари доғе, ки дар гузориш матраҳ шудааст, вазъи гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯст. Сарфи назар аз кафолатҳои қонунӣ, танҳо дар 10 моҳи соли 2025 ихроҷи маҷбурии 1 ҳазору 452 гурезаи афғонистонӣ сабт шудааст, ки, ба гуфтаи муаллифони гузориш, ин нақзи ошкори меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар баробари ин, дар гузориш таъкид шудааст, ки фарзандони волидони бешаҳрванд аксаран аз замони таваллуд беҳуҷҷат ва бешаҳрвандӣ мемонанд, ки ин хилофи Ҳадафҳои рушди устувори СММ аст.

Муҳимтарин омор ва нуктаҳои ин гузоришро дар нигораи иттилоотӣ (инфографика)-и таҳиякардаи «Азия-Плюс» бихонед. 

Гузориши мазкур моҳи ноябри соли 2026 дар баробари гузориши расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар Гурӯҳи кории Шарҳи умумии даврии СММ баррасӣ хоҳад шуд.

Назари мақомоти давлатӣ ба ин гузориши таҳиякардаи 7 созмони ҷамъиятӣ маълум нест.

Аммо то ин дам аз иҷборан баста шудани созмонҳои ҷамъиятӣ, марги сарбозон дар вақти хидмати ҳарбӣ ва адами ҳукми сафеди додгоҳҳо дар расонаҳо борҳо инъикос шудаанд. Дар мавриди қатъи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва хатари он тавассути ин пайванд бештар мутолиа кунед.

Акс дар сарсаҳифа аз Радиои ОзодӣНамояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар ҷаласае дар Душанбе. Соли 2013. 

https://asiaplus.news/tg/2026/09/01/az-barhamhurii-sozmonho-to-beshahrvandii-kudakon-sozmonhoi-jamiyatii-tojikiston-ba-smm-az-chiho-shikoyat-mekunand/

 


Тақвим

<< < Декабрь 2025 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        
 
Пайвандҳои лозима