11 феврал дар як қатор вазорату идораҳои давлатӣ нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.Тибқи иттилои манбаъ, нишастҳо дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи инноватсионии Душанбе баргузор мегарданд.
| Соат | Вазорату идора |
|---|---|
| 08:00 | Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| 10:00 | Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| 10:00 | Бонки миллии Тоҷикистон |
| 11:00 | Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| 11:00 | Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| 14:00 | Донишкадаи инноватсионии Душанбе |
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо рақамҳои зерин дар тамос шавед: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ.