9 феврал дар як қатор вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мақомоти маҳаллӣ нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.Тибқи иттилои манбаъ, нишастҳо дар Агентии омор, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав, шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода, инчунин дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур баргузор мегарданд.
| Соат | Вазорату идора |
|---|---|
| 08:00 | Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| 08:00 | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб |
| 08:00 | Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон |
| 09:00 | Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| 09:00 | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
| 09:00 | Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе |
| 09:00 | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод |
| 10:00 | Шаҳри Турсунзода |
| 10:00 | Шаҳри Ваҳдат |
| 10:00 | Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе |
| 11:00 | Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| 11:00 | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ |
| 14:00 | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав |
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо рақамҳои зерин дар тамос шавед: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ.