13 феврал дар кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад?
     TJ RU EN
03:56 / 2026-02-13

13 феврал дар кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад?

Press-conference tj13 феврал як қатор вазорату идораҳои давлатӣ нишастҳои матбуотии худро оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Мувофиқи иттилои манбаъ, нишастҳо дар чанд сохтори калидии давлатӣ баргузор мегарданд. Қисме аз онҳо дар як вақт оғоз мешаванд, ки ин аз серкорӣ ва аҳамияти мавзӯъҳои мавриди баррасӣ шаҳодат медиҳад.

Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ (13 феврал)

СоатВазорату идора
09:00 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
09:00 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
09:00 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
09:00 Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
11:00 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки силсилаи нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 аз 26 январ оғоз гардида, 13 феврал ҷамъбаст мегардад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо рақамҳои зерин дар тамос шавед: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Хадамоти могниторингии АМВАОМТ.

 


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2025 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31        
     
    Пайвандҳои лозима