4 феврал дар кадом вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад?
     TJ RU EN
06:03 / 2026-02-04

4 феврал дар кадом вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад?

Press-conference tjРӯзи 4 феврал дар як қатор сохторҳои давлатӣ нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор мегарданд. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», ин нишастҳо дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ баргузор мешаванд.

Бар асоси ҷадвали мувофиқашуда, нишастҳо дар чунин вақтҳо доир мегарданд:

  • Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – соати 09:00
  • Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – соати 09:00
  • Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ – соати 09:00
  • Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор – соати 10:00
  • Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» – соати 10:00
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – соати 11:00
  • Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино – соати 14:00
  • Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – соати 16:00

Масъулини ниҳодҳои давлатӣ вақти баргузории нишастҳоро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа кардаанд.

Тибқи иттилои манбаи мазкур, эълонҳо дар бораи вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2025 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31        
     
    Пайвандҳои лозима