3 феврал дар як қатор вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ширкатҳои давлатӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти манбаи мазкур, нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соати 08:00 оғоз меёбад.
Нишасти муштараки ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» соати 09:00 дар толори ҶСК «Барқи Тоҷик» доир мешавад.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур нишаст соати 09:00 дар бинои ҳукумати ноҳия баргузор мегардад.
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов нишасти матбуотӣ соати 09:00.
Нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соати 10:00 доир мешавад.
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нишасти худро соати 11:00 баргузор мекунад.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукумати ноҳия нишаст баргузор мегардад.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки масъулони вазорату идораҳо вақти баргузории нишастҳоро бо ин агентӣ мувофиқа менамоянд. Эълонҳои навшуда дар бораи ҷадвали нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи агентӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ва ҳамоҳангсозӣ рақамҳои зерин фаъол мебошанд: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ