“Ҳар кас кӯрпаро ба тарафи худ мекашад.” Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон
     TJ RU EN
05:42 / 2024-05-03

“Ҳар кас кӯрпаро ба тарафи худ мекашад.” Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон

 

20240313 RO112 соли матбуоти тоҷикро дар ҳоле ҷашн гирифтанд, ки мушкилоту фишорҳо ва таҳдид ба расонаҳои мустақил ва хабарнигорон дар Тоҷикистон афзудааст. Ин назари баъзе аз созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз рӯзноманигорон ва озодии баён аст.

"Созмони бонуфуз нест"
Дар ду соли охир чанд рӯзноманигору фаъоли расонаӣ боздошт ва муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шудаанд. Соҳибназарон бар инанд, ки талоши созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҷомеаи расонаии Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз онҳо кофӣ набудааст.

Абдуқодир Талбаков
Абдуқодир Талбаков

“Дар ҳақиқат, ҳамин хел созмонҳои бонуфузи журналистӣ нест, ки вақте як рӯзноманигор дар балое гирифтор шуд, сина сипар кунанду нависанду ҳимоя кунанду адвокат бигиранд, то як ҳамкасбашонро аз ин варта бираҳонанд. Ман ҳоло дар Тоҷикистон чунин созмонҳоро намебинам,” – гуфт рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер рӯзи 11-уми март ҳангоми паёми шодбошӣ ба Рӯзи матуботи тоҷик ба ин нукта ишора кард ва гуфт, “аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳем, ки аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳимоят ва озодии баёни онҳоро эҳтиром кунад”.

Аммо чаро созмонҳои рӯзноманигории дохилӣ ба пуштибонӣ аз фишору нақзи ҳуқуқи рӯноманигорон ва расона дасткӯтоҳанд? Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, чанд омилро далели ин амр донист, аз ҷумла набудани ҳамраъйиро.

"Мавқеи ягона надоранд"
“Танқид кардан осон аст, вале таъмин кардани ҳамраъйии воқеӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон имконнопазир аст. Ҳар кас кӯрпаро ба ҷониби худ мекашад ва кӯшиш мекунад, ки худро дар назди ҳукумат, дар назди мақомдорон ширин кунанд. Вақте ин ё он ҳамкасби мо аз пайи иҷрои фаъолият ҷабр мебинад, мутаассифона, мо бо як овоз аз ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ҳимоят карда наметавонем,” – афзуд Қаршибоев.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Як ҷанбаи дигари заъфи кор, ба назари ӯ, “мавқеи ягона ё дурусти шаҳрвандӣ надоштани ҳамкасбҳои мо аст, ки боздошт ё таъқиб шудаанд. Ба ин сабаб ба нақзи ҳуқуқи онҳо роҳ дода шуд.”

Хабарнигорон баъзе аз созмонҳои касбиву эҷодӣ, аз ҷумла Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро барои садо баланд накардан танқид мекунанд. Баъзе аз созмонҳои журналистии Тоҷикистон мегӯянд, дар баробари фишору таъқиб, боздошту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон ҳеч гоҳ хомӯш набуданд.

Ҳуриннисо Ализода
Ҳуриннисо Ализода

Ҳуриннисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, гуфт: “Фикр мекунам, Шӯрои ВАО низ дар баробари созмонҳои дигари журналистӣ ҳамеша пайи он талош мекунад, ки ҳадди ақал дар бораи ҳуқуқи журналистон, ҳамкасбон садо баланд кунад. Мо аз созмонҳои нахустине будем, ки баъд аз нохушиҳои ба сари ҳамкасбони мо омада, воқеан садо баланд кардем, мавқеъамонро гуфтем.”

Дар Тоҷикистон дар ду соли охир наздик ба даҳ рӯзноманигору фаъоли расонаӣ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов ва Улфатхоним Мамадшоева боздошт ва зиндонӣ карда шуданд. Мақомот далели боздошту ҳабси онҳоро ба ифротгароӣ марбут медонанд, аммо наздикони онҳо мегӯянд, ба ҷуз фаъолияти рӯзноманигорӣ кори дигаре надоштанд.

Созмону кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён, бастану аз саҳна рондани расонаҳои мустақил ва саркӯби хабарнигорон танқид мекунанд.

Freedom House ё Хонаи Озодӣ, созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон, ҳам дар тозатарин гузориши худ, ки 1-уми марти имсол нашр шуд, гуфт “чунин бархӯрд бо матбуот боис ба он шудааст, ки мардуми одӣ ҳам дар Тоҷикистон акнун барои пешгирӣ аз таъқиб талош мекунанд дар баёни андеша эҳтиёткор бошанд”.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

11-уми марти соли 1912 нашрияи “Бухорои шариф” рӯзномаи нахустини комилан тоҷикии Осиёи Миёна дар Аморати Бухоро ба нашр расид ва солҳои навадуми қарни гузашта онро дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик интихоб карданд

https://www.ozodi.org/a/32857224.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • ТАҚВИМ

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима